Ман тоҷик нестам…


                                              Ман тоҷик нестам…
                               
   Дар роҳ тасодуфан бо Ирина Александрова вохӯрдам. Дар мавзӯҳои мухталиф сӯҳбаткунон ба самти вокзал равон шудем.
- Оё дар Точикистон миллате бо номи памирес зиндагӣ мекунад?
- Тоҷикони Тоҷикистон аз чор гурӯҳи бузург иборатанд. Имрӯз телевизион, радио, матбуот аз тоҷикон душман метарошанд, баъзеҳо мекушанд худро ин ҷо тоҷик нею чун памирес ва ё кулябес, согдиес, гармес - ба атрофиён муаррифӣ намоянд. Барои чӣ пурсидед?
- 10 май аз бозор бармегаштам. Дар охири машрутка ду марди калонсолу писарчаи мактабхон менишастанд, дигар ҳама занҳо буданд. Ба ногоҳ яке аз
мардҳо, ки маст буд ба сари марди дигар доду фарёд бардошт - шумоёнро бояд нобуд кард, ман дар ҷанги Тоҷикистон ширкат варзидам, чуркаҳои зиёдеро куштаам, агар лозим шавад дар ин ҷо ҳам мекушам… Ва писарчаро аз кифташ гирифта сахт такон дода фарёдзанон дашномҳои қабеҳ намуд, ӯ аз тарса меларзид, он мард бошад ба ҷойи он ки писарчаро дифо кунад, хомӯш менишаст.
   Косаи сабрам лабрез гашту писарчаро наздам гирифта ба бадмаст гуфтам, ки даҳони бӯйгинатро пӯш, вагарна ба милится телефон мекунам, ба ронанда муроҷиат намудам: барои чӣ дар машрутка ба писарча таҳдид мекунанд ту бошӣ чун муши мурда хомӯшӣ, ронанда ногузир «каҳрамони» ҷанги Тоҷикистонро дар ҷояш шинонда монд. Ба бадмаст гуфтам, ки дина рӯзи Ғалабаро ҷашн гирифтем, чуркаҳои ту мегуфтагӣ дар сафи мо истода Русияро дифо намуданду бисёрашон қурбон шуданд, солҳои мудҳиши ҷанг Осиёи Миёна мардуми моро наҷот доданд, авлоди мо барои он зинда монд, ки мардуми Фарғона онҳоро дар манзили хеш ҷой дода як пора нонашоро бо фирориёни ҷанг диданд… Имрӯз тоҷику ӯзбеку қирғиз баҳри дарёфти пораи ноне ба сарзамини мо меоянд, кори сиёҳу сангинро мекунанду дар таҳхонаю вайронаҳо зиндагӣ доранд. Мо бошад онҳоро одам намеҳисобему чашми дидан надорем. Ворисони онҳоеро, ки дар рӯзҳои вазнин ба мо дасти кумак дароз намуданд, нашармида чуркаашон мехонем, ҳамаи гуноҳои буду набуди дунёро ба саршон бор мекунем …
   Бо писарча дар як истгоҳ фаромадем. Аз тарс ҳоло ба худ наомада буд. Ба хона овардам, чой нӯшид, каме ором шуд. Писари ҳамсояро хоҳиш кардам, то мактаб гуселаш намояд. Фардо бо падараш омад, падараш изҳори хушнудӣ кард, ки писарашро дифо намудаам, гуфт, ки ӯ бемору заиф аст. Сахт тарсидааст, шаб то саҳар дар хобаш доду фарёд карда баромад. Дар бораи он бадмаст гуфт, ки дар ҷангҳои Тоҷикистон ширкат варзидааст, вақте ки кайфаш баланд шуд, назди ҳавлӣ мо омада ба таҳдид медарояд. Оиди он марди дар машрутка нишаста пурсон шудам, гуфт, ки тоҷику аз Тоҷикистон аст, вале худро тоҷик намеҳисобаду хешро аз тоҷикон канор мегирад. Он бадмаст боре ба зану фарзанду ӯ таҳдид намуд, пас аз чанде чекистон омада бадмастро бардошта бурданд, дигар ба оилаи ӯ наздик намешавад. Ӯ худ низ чекист аст. Боре тасодуфан он чекистро дар мағоза вохӯрдам, худро дошта натавониста гуфтам.
- Агар бадмасте нисбати фарзанди ту чунин амалро раво медид, чӣ мекардӣ?
- Он маст нисбати тоҷикон даъво дошт, ба ман чӣ дахл дорад?
- О, туям тоҷику зодаи Тоҷикистонӣ!
- Ман тоҷик нестем, ман памирес…
- Имрӯз, ки ҳоли тоҷик хароб аст, ту аз миллатат рӯй мегардонӣ?!
- Мо ҳамеша бо русҳо будем. Чашмони мо кабуду мӯйҳоямон зард…
- Украинҳоро низ чашмонашон кабуду мӯйяшон зарду забонашон наздику православӣ ҳастанд, русҳо онҳоро худи намеҳисобанду акнун шумоён осиёиҳо бо чашмони кабуду мӯйи зардатон барои русҳо худӣ шуда метавонетон мӣ? Садқаи нону намаки Тоҷикистон шав…
   Ирина Александрова ба электричка нишасту ман интизори электричкаи худ дар перрон мондам. Ҳайрон будам, ки барои чӣ миллати мо рӯз ба рӯз заифу парокандау масхараи бегонагон мегардад, зеро бисёре аз фарзандонаш дар лаҳзаҳои вазнин аз миллаташон, мазҳабашон, забонашон даст кашиданд. Ин монанди онест ки ту аз аз падару модари пиру фартуту нотавону беморат рӯй метобию ба атофиён мегӯӣ, ки - ман фарзанди онон наяам, онҳоро шинохтан намехоҳам, ҳеҷ умимияте бо онҳо надорам…

                        Ҳабиб Саид, май, 2017 с., Кувандик - Урали Ҷанубӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий