Дар сари қабри тоҷике


                                      Дар сари қабри тоҷике
                            
   Ҳавои тафсон роҳгардиро душвор менамуд. Дар атроф дарахте ба чашм намерасид, то зи гармӣ лаҳзае пинҳон гардӣ. Дарк намудам, ки роҳгумзадаам. Дар дур биное ба назар намуд. Наздик омадам, дарёфтам, ки ин ҷо ферма аст. Садои аккоси саг мардеро берун овард. Пурсид, куҷо равонам,  - Новопавловка дар дигар самт аст… Об нӯшида зери сояи ягона булут нишаста, то фаромадани дами ҳаво дуру дароз сӯҳбат кардем. Алексею  рафиқаш чорвои фермери ҳамдеҳашонро бо навбат мебониданд. Фаҳмид, ки  тоҷикам, гуфт, чанд сол пеш ин ҷо тоҷике аз дунё гузашта буд… Фермер барои таъмири фермаи нимвайронае чор тоҷикро ба кор мегирад. Коргарон то фарорасии барфи аввал таъмирро ба
анҷом мерасонанду интизор мешинанд, кай пулашонро медиҳад, то ба ватан баргарданд. Се моҳ дар интизори маош мешинанд, барфҳои пайваста роҳро пурра мебанданд, то наздиктарин деҳа 12 км. роҳ. Бо каме орду макарону, гречкаю картошка дар хоначаи сард бо либосҳои тунук мемонанд. Як нафарашон бемории вазнин мешавад, на дору доранд, ки табобат кунанд на роҳ ҳаст, ки ӯро ба деҳа баранд. Бемори авҷ мегираду рафиқашон дунёро тарк мегуяд, ногузир ӯро ин ҷо дафн мекунанд. Фермер пас аз мастомастиҳои тӯлонӣ соли нави ба хотираш мерасад, ки тоҷикон дар ферма монданд. Бо К - 700 роҳ кушода назди мардикорон мерасад: яктаашон фавтидаасту дигаронашон гуруснаву бемор итизори пул нишастаанд. Пули роҳашонро медиҳаду ваъда медиҳад, ки баҳор пули корашонро мегиранд. Мардикорон мебинанд, ки пулашонро ситонда наметавонад, агар боз интизор бишинанд дунёро тарк хоҳад гуфт, роҳпулиро мегиранду ба роҳ медароянд…

   Алексей қабрро нишон дод. Он дар баландие ҷойгир ва атрофаш сангчиншуда буд. Ба рӯҳаш оёте бахшида аз ҷой бархостам. Наздиконаш шояд надонад, ки азизашон дар куҷо роҳи охирати хешро биёфт ва қадами онон ба ин ҷо нахоҳад расид…

   Аз Алексей пурсидам, ки мардикорон барои гирифтани пулашон баргаштанд ё не? – Барнагаштанд, ҳамшаҳрияшон, ки онҳоро назди Сергей (фермер)овард буд, аз ӯ қаздор будааст, ҳамдеҳагонашро фирефта ба ивази қарзаш ба Сергей додааст. Ҳамон сол нисфи чорвои Сергей талаф ёфт, одамон гуфтанд, ба мардикорон ҷабрро раво дид, ногузир натиҷаи кораш ҳамин тавр меанҷомид

   Бо андешаҳои дардолуд ба самти Новопавлока раҳсипор гаштам. Қавме, ки ҳазор сол пеш ба ин сарзамин бо дини Илоҳию китоби Илоҳӣ омад ва мардуми бумӣ эҳтиромашон мекард, имрӯз пас аз ҳазор сол ворисонашон аз ҷабри бародарони хеш, ки бо пантуркистону сионистону салибдорону бегонагон як шуда «чистка» мегузаронданд, то тоҷик дигар номи Худоро сухани Худоро ба забон нагирад, ба ин сарзамин фирор карданд. Сипас мардикорон, наркокурерҳо, авбошон… омаданд. Қисме мекушад, то асолати миллии хешро нигоҳ бидорад, то тоҷикон дар мусофират бадному пароканда нагардад, вале амвоҷи амалҳои манфӣ ончунон азим аст, ки ҳама хубиҳоро нопадид месозад. Баҳри аксарият имрӯз бародарфурӯшиву миллатфурӯши як кори маъмулӣ шудааст. Бародарони худро мефиребанд, мекушанд, ба ғуломи мефурӯшанд, ё ба дасти ҷинояткорону милисаҳо, гурӯҳҳои этникӣ месупоранд, то дунёи ду рӯзашон «пурнур» гардад…

                         Ҳабиб Саид, августи 2010, Кувандык - Урали Ҷанубӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий