Танкисте, ки дар сар орзуи фатҳи Бадахшонро дошт


          Танкисте, ки дар сар орзуи фатҳи Бадахшонро дошт
                             
 
   Бо шиносам, ки тасодуфан вохӯрдам дар каҳвахона нишаста сӯҳбат мекардему дар шигифт будем ки агар бо қирғизҳо ҷанг сар занад, кишвар ба чӣ ҳоле хоҳад афтод? - Кадрҳои Фронти халқӣ ягон корро ҳаллу фасл карда наметавонанд, баръакс аз ягон чизи ночиз муаммо эҷод мекунанд, рӯйдодҳои Ғарму Хоруғ бори дигар инро собит сохт. Даври шӯравӣ вазирҳои савдои Тоҷикистон бештар аз исфарагиҳо буданд ва исфарагиҳо бозори калонтарини меваи хушки Осиёи Миёнаро созмон дода корчалони хешро бори дигар собит сохтанд. Ихтёрро бояд ба худи исфарагиҳо вогузошт, зеро онҳо садҳо сол боз бо қирғизҳо паҳлу ҳам зиндагӣ доранд ва медонад чӣ тур бо онҳо муомила бинмуд ва ҷойи заифи
ҳамсояшон дар куҷост. Кадрҳои гуруснаи Фронти халқӣ аз марказ барои пур кардани ҷайбашону шикамашон ба Исфара партофта мешавад, танҳо манфиати худу маҳалашонро дар мадди аввал мегузорад, баҳрашон ин маҳалу ин мардум аз қавмӣ бегонае беш нест… Қирғиз мардуми тарсончак нест ки ӯро бо дӯғу пӯписаву Калашникову мо «муридони» Сангаку Файзали гуфта битарсониву коратро буд кунӣ…
Дуру дароз перомуни кардҳои Каримову Елсин, ки тавассути Калашников ба сари қудрат оварда, сӯҳбат кардем ва ҳангоме ки қаҳвахонаро тарк мекардем, шиносам гуфт: – Мехоҳӣ, бо яке аз ҳамсафони Сангаку Сафаралию Файзиалӣ шиносат кунам? Ба таҳхона фаромадем. Назди дари ҳоҷатхона марди ҷандапӯше мехуфт, ки наздаш кулоҳе барои садақа меистод - Шинос шав, кадри Фронти халқӣ, - гуфт ҳамсӯҳбатам ба ҷандапӯш ишорат бинмуда. - Тирамоҳи соли 1992 ӯро собиқ танкистро ба кишвари ҳамсоя мебарнад ва ҳамроҳ бо 20 танки Т- 72-и Ӯзбакистон ба Сангак «ҳадя» карда, «ҳокимияти конститусионӣ»-ро бо танкаш вориди пойитахт мегардонад. Бо Т-72 то Тавилдара меравад, дар яке аз набардҳо аз сараш сахт маҷрӯҳ мегардад, ҳамсафонаш аз дивизия 201 «дӯсташон»-ро партофта рамзгоҳро тарк мегуянд, пирамарде ӯро ёфта ба тарафдоронаш месупорад. Вақте ки маст мешудааст ба дашноми оппозисия гузашта фарёд мезадааст ки бо танкаш то Хоруғ хоҳад рафт ва портрети бобои Сангакро дар маркази Бадахшон насб хоҳад кард… Дар қимор буду набудашро бой дода ба Русия фирор мекунад ва дар ин ҷо ба бригадае меафтад, ки ҳамаашон аз бачаҳои помирию ғармӣ иборат буданд. Як рӯз маст шуда мебиёду чизе ки дар сар нисбати оппозитсияю помирию ғармӣ доштро ба забон меорад. Бачаҳо мехоҳанд бо нияти хас каму ҷаҳон пок саги Каримовро дар битон гӯр кунанд, вале марди калонсоле пеши роҳашонро мегираду мегӯяд, ки гуноҳро ба гардан нагиретон, ашхосе ки зидди ислом бархостанду бо бегонагон пайваста бародарони хешро куштанд - чун саг хоҳанд мурд … Гуфтам шояд ягон турку муғули тоҷикшудааст, ки дар дил орзуи бобогиаш фатҳи Бадахшонро мепарваридааст. – Ман борҳо ӯро ин ҷо медидам, гумон мекардам, ки аз майзадаҳои маҳалист. Рӯзе як ҳамшаҳраш қиссаи ӯро нақл кард, пурсидам ягон қатаған будагист?, - гуфт ки не, баъзан аз оҳан г.. мерӯяд аз авлоди эшонзодаҳо, аз дарунашон ҳамин танкисти исломбезор баромад … Ҳангоми хайрухуш шиносам гуфт, ки дар бораи Зарифӣ хондӣ?, - шахсе ки ду баробари масоҳати ноҳияи Исфараро ба Чин дод, кунун рӯзномаҳои озод ӯро каҳрамон хонда истодаанд…
   Раҳораҳ бо худ андешидам, ки дар мо агар тоҷикӣ дигар маҳалро кушӣ ва ё замини дигар маҳалро ба савдо занӣ, баҳри ҳаммаҳалонат қаҳрамон мемонӣ. Дар маъракае ба мансабдоре воломақоме мегуянд ки кори хуб накардетон, ки замина ба хитоийҳо додетон, фардо афғону ӯзбаку қирғиз даъвои замин мекунанд. Мансабдор мегӯяд, ки замини помириҳоро додем, лозим шавад замини ленинободиҳоро низ ба саво мезанем… Изатулло Ҳаёев 350 гектар замини Ворухро ба қирғизҳо дод, зеро ин замину ин маҳалу ин мардум аз «бегонае» баҳраш беш набуданд.
   Тоҷик ҳамаро чизро бо меъёри маҳал мепазирад. «Дӯстони» и мо маҳалгароии моро чирадастона истифода бурда, зӯран ҷанги шаҳрвандиро ба гардани миллати мо бор карда кишварро хароб сохтанд…
   Рӯзе муаррихон хоҳанд навишт «Сари Тоҷикистону тоҷикро маризи маҳалгароӣ хӯрд ...»

                          Ҳ
абиб Саид, январ соли 2014,Урали Ҷанубӣ

Как Хаёев отдал 350 га земель Воруха Киргизстану?

Комментариев нет:

Отправка комментария