«Дипломати тоҷик»


                                       «Дипломати тоҷик»
                         
   Рӯзе ки ба шаҳр меравам ҳатман ба дидори Нуриддин мерасам. Дар мавзӯҳои гуногун сӯҳбат мекунем, шиносҳои дар Душанбе будаву ҳамкоромонро ба ёд меорем. Ӯ дар корхонаи бонуфузе кор мекунад. Ин маротиба ҳангоми дидор гуфт - биё бозор меравем, он ҷо тоҷикон қурутоб омода месозанд, то муҳити ватанро ба ёд орему каме сӯҳбат кунем.
Ми
ҷозони каҳвахона асосан аз тоҷикону ӯзбекҳою қриғизҳо иборат буданд, баъзан русҳо ба чашм мерасиданд.
Қурутоб бисёр серавғану серпиёз буд, вале маззаи қурути Тоҷикистонро надошт.
- Агар зан
ҳои ҳамкорам медиданд, ки чӣ тур бо даст қурутоб мехӯрам мегуфтанд
ки «О, какой ужас! Как вы Нуриддин можете, есть таким способом?»…
Ба ка
ҳвахона марди мазангсифате, ки галстуки сурхи калоне чун ресмон дар гарданаш овезон андар иҳотаи чор буқасурат ворид шуд, ҳама ба пичир - пичир даромаданд - дипломат, дипломат, дипломат…

Со
ҳиби каҳвахона ба пешвозашон шитофта гарму ҷӯшон: раис, хуш омадед, раис, хуш омадед, гуфта ба ҷойи алоҳидае онҳоро шинонд.
- Дар ин г
ӯшаи дастнорас боз дипломат аз куҷо пайдо шуд? - пурсидам аз Нуриддин.
- Ягон
қаллоб ё наркобарон будагист, Тоҷикистон агар дар ҳар як шаҳри 200 – 300 ҳазор аҳолӣ доштаи Русия, сафоратхонаю конуслхона кушояд, магар ин ки ҳамаи будҷаяшро ба он сарф кунад.
Наздиктарин консулхона
ҳои Тоҷикистон дар ин минтақа дар Уфаю Екатеринбург ҷойгиранд.
Нуриддин аз пешхизмат - русдухтар пурсид, ки ме
ҳмони шефашон чӣ одамест?
- Говорят дипломат, но мне кажется, он мошенник или бандит, даже двух слов правильно не может связать на русском. Разве настоящий дипломат будет, обедать в забегаловке для мигрантов…
- А почему ваш шеф заискивает перед ними?
- Год назад он отказался, кормить его телохранителей, бедного так поколотили, целый месяц лежал в больнице. Каждый день два три раза надо их бесплатно кормить. Шеф говорит, сто раз лучше дело иметь с местными бандитами, чем дипломатами Рахмона ...
   Ҳангоме, ки каҳвахонаро тарк мекардем аҳли рикоби дипломат ба самти мо нигоҳҳои сарду пурғуруре афканданд. Ин тоифа мекушад, ки ҳамагон зи онҳо биҳаросанд, зеро хешро соҳибони ин дунё меҳисобанд.
- Зани ин хел дипломаҳоро … ментҳо тифли панчмоҳаро куштанд, ҳамашон аз тарса даҳон намекушояд. Президент бошад дар Хуҷанд атласро ҷашн мегирад. Хуҷандиҳо ба сарварону дипломатҳои кишвар куртаву эзори атлас ҳадя мекарданд ниҳоят хуб мешуд. Депутатҳо, рӯҳониён, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Русия баҳри ҳимояи Умаралӣ садо баланд карданд, вале муфтию депутатҳои тоҷик бошад дар ситошиши Ҷаноби Олӣ банданду ӯро пешвои миллат мехонданд, монанди он ки мо ягон қабилаи турк ва ё муғул бошем. Рӯзномаҳои русии Тоҷикистон низ худро зи ин фоҷиаи миллат канор гирифтанд, гӯё ки фарзандони ин сарзамин набошанд.
Намеандешанд, ки чунин рӯз ба сари ҳар як инсон омаданаш мункин… Нуриддин зи асабоният пайи ҳам сигор мекашид, намедонист чӣ тур ғазабашро фурӯ шинонад…
- Дилу дасти кас ба коре пеш намеравад, пайваста пеши назар симои Умарал
ӣ меояд. Дар ин лаҳзаҳо ҳис мекунӣ то чӣ дараҷа мо миллати бесоҳибу бесарвару парокандаву хору зору нотавонем, ки ҳатто тифлонамонро дифо карда наметавонем…
- Ин
ҳо барои хешу табору ҳамқабилаю ҳамшаҳриёни худашон садо баланд мекунанд, гуфт Нуриддин – дидӣ барои он ки писари Ҳукумовро аз маҳбас берун кашиданд, таёраи Русияро бо ҳавонавардонаш гаравгон гирифтанд. Пагоҳи ба интернет даромадам, шояд ақаллан ба хонадони Умаралӣ таъзия баён карданд бошанд, вале ҳама дар Ҳисор бо харбуза – чойхонаи Алимардонов банданд. Имрӯз  деҳаҳои Тоҷикистон таърихашонро аз модаршаҳрҳои тоҷик Бухорою Самарқанд қадимтар меҳисобанду 2700, 3000 солигиашонро бо шукӯҳу дабдаба ҷашн мегиранд. Пас куҷост он маданияту одобу рафтори чандҳазорсола? Барои чӣ инҳо нисбати хуҷандиёну самарқадиёну бухориён нафрати зиёд дорад, зеро назди онон деҳотӣ будани хешро дарк мекунанд. Инҳо гумон кардан давлатро бо Калашников ба даст оварданд ва давлатдорӣ кори осонест. Дирӯза колозчиву тракторчии бо фотиҳаю аслиҳаи Елсину Каримов сад президенту вазир бишавад ҳам боз ҳамон кохозчиву тракторчӣ хоҳад монд. Молодой студент спрашивает у профессора:
– Посоветуйте,
как мне стать интеллигентом?
– Для этого нужно окончить три университета.
– И всё? Так просто?
– Да. Только один университет должен окончить твой дедушка, второй – твой отец,
а третий уже ты сам…
Дар ша
ҳрҳои кӯҳнаи мо: Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд пеш аз ҳама мепурсанд: – шумо аз кадом авлод, гузаштатон кӣ буданд, авлодҳои кӯҳна ҳамаашон китоби шаҷараи хешро доранд. Раҳматулло Зоҳиров исбот кард ки шаҷарааш рафта ба Хоҷа Аҳрори Валӣ мерасад, вале инҳо худ намедонанд киянду аз кадом авлоду қабилаанд? Тоҷик? Турк? Муғул?
   Баъзан меандеши кишвару миллати мо савдо
ӣ шудааст. Исломбадбинӣ, масҷидвайронкунӣ, риштарошӣ, ҳиҷобчинӣ, харобсозии биноҳои қадима…Мардум груснаву бекору бебарқу бегармӣ, инҳо бошанд масҷид, чойхона, китобхона, театри калонтарини Осиёи Миёнаро месозанду парчами баландтарини ҷаҳонро мебардоранд, то ҷаҳониён бунинанд, Тоҷикистон чӣ хел роҳбарони крутой доштааст.
- Ма
ҳалгароии мо ба он оварда расонд, ки одамони аз кӯча омада ворид майдони сиёсӣ гашта лаҷоми давлатдориро ба даст гирифтанд. Магар дар кишвари солим чун шахси дар каҳвахона вохӯрдаамон дипломат шуда метавонист?
- Боре як шиносам гуфта буд, ки дар ша
ҳр як дипломати тоҷик пайдо шудааст. Пурсидам ки дипломат ин чо чӣ кор мекунад? Гуфт ки аз ин ҷо то Қазоқистон як қадам, шояд бо паспорти дипломатиаш наркотрафикро назорат мекунад. Дар хотират бошад ҳатто сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон бо наркотик ба даст афтода буд. Барои наркомафия харидани паспорти дипломати тоҷик хеч душворӣ надорад. Дипломати имрӯза дидамон ҳамон аст. Шогирдони мактаби дипломатияи Назарову Зарифӣ, танҳо дар ғами хешу табору қабилаи хешанд. Дар хотират бошад дар шӯъбаи иқтисодиёт лақайе кор мекарду худаашро аз авлоди Ҳаёев метарошид. Ба тӯйи як ҳамкорамон ба Ҳисор рафта будем дар тӯй кордкашӣ карда ҳамаро шарманда намуда буд. Имсол дар Душанбе дар маъракае тасодуфан вохӯрдам. Доктори фанҳои сиёсатшиносӣ шудааст, таъриф кард, ки ҳуҷҷатҳояшро барои кор ба вазорат корҳои хориҷӣ супориданист. Гуфтам ки бо ин хӯйату бо ин забондониат боз ту дипломат шудани мӣ? Гуфт ки сӯму таға ҳама дарро мекушояд…
   Дар интернет навиштаҳои муҳоҷирони тоҷикро хондан мункин, чӣ тур онҳо бо қиргизу ӯзбекҳо ба дасти полис меафтанд. Ӯзбеку кирғизҳо ба сафоратхонаҳояшон занг мезананд дипломатҳояшон пас аз чанде ба кумаки онон меоянд, вале ба занги тоҷик касе ҷавоб намедиҳаду ва касе ба кумакакаш намешитобад. Чунки ӯ миллати бесоҳиб аст! Миллате ки на Президенту Парламент, на Вазиру Сафир дорад!
То корго
ҳи Нуриддин дар бораи дардҳои тоҷику Тоҷикистон сӯҳбаткунон рафтему сипас ман аз паси корҳои худ равон шудам.

Ра
ҳораҳ фикр кардам, ки имсол се Умаралиро куштанд:
1.Умарал
ӣ Қувватовро барои фаъолияти сёсииаш полицияи махфӣ Тоҷикистон дар Истамбул ба қатл расонд.
2.Умарал
ӣ Бобоҷоновро милисҳои тоҷик барои ришаш дар Ваҳдат латукӯб намуда куштанд.
3.Умарал
ӣ Назаровро полисияи Санкт-Петербург барои тоҷик буданаш ба ҳалокат расонд.
    
    
ХУДОВАНДО МИЛЛАТИ МОРО ДАР ПАНОҲАТ НИГОҲ БИДОР! БИДУНИ ТУ МОРО ПУШТУ ПАНОҲЕ НЕСТ!
                Ҳабиб Саид, ноябр 2015, Кувандык - Урали Ҷанубӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий