Фаранҷоми ғамангези пантуркисте


                               Фаранҷоми ғамангези пантуркисте
                                  
    
   Дар вокзали хурдакак чанд нафар интизори автобус менишастем, дар берун бӯрон барфро ба самти дилхоҳаш мерӯфту мебурд. Мусофирон андӯҳгин буданд, ки оё дар чунин ҳаво автобус ба роҳ мебарояд ё не,зеро дар чунин маврид ҳаракти нақлиёт қатъ мегардад, то мусофирон қурбони сардию тӯфон нагарданд. Марди саропо барфзеркардае вориди вокзал гашт, фавран худро назди батареяи гарм гирифт, аз андомаш аён буд, ки майзадаест ва ё бомже. Вақте ки каме гарм шуд ба талбидан оғоз кард, ҷавонон бо танаффур аз наздашон меронданду пирон бошанд чанд тангае ато менамуданд. Тангаи ман дароз намударо гирифту паҳлуям нишаст. Тахмин кардам ӯ тотор ё бошқирд аст. Сухан оғоз карда аз
миллатам пурсон шуд, фаҳмид, ки тоҷикам, гуфт, ки ман низ тоҷикам. Аз оҳанги суханрониаш аён буд ки аз ӯзбекҳои Тоҷикистон мебошад. Дуру дароз саргузашташро нақл намуд. Ба назарам намуд, ки ин чеҳраро дар куҷое дидаам, вале ба хотир оварда наметавонистам. Вақте ки ӯ гуфт, ки дар роҳи оҳан кор мекард, фавран ба хотирам расид, ки наздам кӣ нишастааст. Пурсидам оё ту фалони нестӣ? Мутаҳайир ба самтам бингарист…

   Солхои 80-ум дар бригадаи челонгарони ро
ҳи оҳан кор мекардам. Дар дастаи мо ду тоҷик ва дигар ҳама русзабонон буданд. Роҳбарияти роҳи оҳанро ӯзбекҳою русзабонон зери даст доштанд, гоҳе тоҷикион ба чашм мерасиданд, ки дар мансабҳои дуюмин ва сеюминдараҷа кор мекарданд. Саридораи роҳи оҳан (марказаш дар Тошканд) мекушид, ки кадрҳои тоҷикро ба ба роҳбарият роҳ надиҳанд. Дар хобгоҳи мо ду точикӣ донишкадаи роҳи оҳани Тошкандро хатм карда мезистанд, онҳо натавонистанд, ки дар роҳи оҳан ҷойгир шаванд, зеро барои ин фазо бегона ба ҳисоб мерафтанд. N дар дар корхонаи мо вазифаи усторо иҷро мекард, гарчанде, ки маълумоте надошт. Бисёр вақт назди русзабонон махсус масъали тоҷиконро мебардошт, бо тамасхур нисбати ҳама чизе, ки мансуб ба тоҷику Тоҷикистон буд, сухан меронад. Дуру дароз бо ӯ баҳс мекардем, акаи Қурбон бошад дашном медод, ки турки курнамак, нону намки Тоҷикистонро хӯрда калон шудию боз Тоҷикистонро сиёҳ мекунӣ… Ман ҳайрон будам, ки барои чӣ ӯ тоҷиконро то ин дараҷа бад мебинад. Гарчанде, ки модараш тоҷику як тарафи падараш ҳам тоҷик буд. Бештар бо ӯзбекҳои дар атрофи Кенҷаев буда (прокурори роҳи оҳан) дӯстӣ дошт. Дар рӯйдодҳои феврали хунин атрофиёни N бо гурӯҳи Яқубу устодаш Рауф пайваста (бо супориши Пектел) ҳамаро ба хун кашиданд. Шунидам, ки дар солҳои хунини 1992 – 93 ӯ бо дӯстонаш рӯйихати оппозисионерон ва ҷойи зистӣ оппозисионерон, рӯҳониён, тоҷикони Бадахшону Ғармро ба қассобони Фронти халқӣ медоданд, то шаҳрро барои фаъолияти густурдаи пантуркистону ёронашон пок созанд…
   Аз нақлаш бармеомад, ки бародаронаш аз Фронти халқӣ ӯро «кидат» карданд. Бо падару модараш ҳавлиашонро фурӯхта ба Ӯзбекистон мераванд, вале мансабдорони ӯзбек маҷбур месозанд, ки кишварро тарк кунанд. Ба Душанбе баргашта иҷоранишин мешаванд. Пас аз сарсониҳои зиёде падару модараш аз дунё мегузаранд. Бародару хоҳарашро ба ихтёри апаш гузошта баҳри пулёби роҳи Русияро пеш мегирад, бо ӯзбекҳои Ӯзбекистон ба савдо машғул мешавад, онҳо низ ӯро «кидат» мекунанд, ба қарзи зиёде фурӯ рафта чанд сол дар сохтумонҳо кор карда ба шаробу сабукгардӣ дода шуда тадриҷан ба ба майзада табил меёбаду ӯро на ӯзбекон на тоҷикон на мардуми маҳалӣ, дигар намепазиранд. Кунун бо бомжҳо пайваст зиндагиашро бо талбидан дар вайронаю таҳхонаҳо пеш мебарад…
   Ғайричашдошт автобусро барои ба роҳ баромадан иҷозат доданд. Тангаҳои боқимондаро ба собиқ ҳамкорам дода ба сӯи автобус равон гаштам. Соате пас вокзалро мебанданд ӯ аз нав ба ҷустуҷӯйи ҷойи гарму пори ноне мепардозад…
   Ӯзбекҳои Душанбе ҷойҳои равғании пойтахтро зери назорат доштанд (мағозаҳо, анборҳо, дуконҳо, ресторанҳо, каҳвахонаҳо, ошхонаҳо) Касе пишакашонро пишт намегуфт, ошашон шавад, бигзор метавонанд кор кунанд, вале барояшон ҳамаи ин камӣ кард. Онҳо на танҳо фазои молӣ балки фазои сиёсии кишварро хостанд зери назорат бигиранд, кӯшиданд, ки мақоми сарвазирии кишвар ба ихтёри ӯзбекҳо (Ю. Эгамбердиев) гузоранд. Дастпарваронашон аз дохили тоҷикон – Кенҷаеву Сангак ливобардори ҷанги шаҳрвандӣ гаштанд. Гумон доштанд. ки бо силоҳу сарбозони Ӯзбекистону
Русия, лақайҳои Файзалӣ, арабҳо, гурӯҳҳои тоҷики Фронти халқӣ, дастаҳои низомиёни касбӣ (Квачков, Меркулов, Варабёв, Шишлянников, Ашӯров, Худойибердиев) сарбозони Дӯстум (дар самти Фронти халқӣ ӯзбекҳои Дӯстум низ ҷангидаанд) нияташонро ҷомаи амал мепӯшонанду чун Самарқанду Бухоро 143 км кв -и Сталин ба ихтёри тоҷикон во гузоштаро низ фурӯ мебаранду дигар дар ин сарзамин садои гуфтугӯйи форсӣ ба гӯш намерасад… Вале тирашон хок хӯрд. Будану набудани миллатеро ва ё қавмеро Худованд муайян месозад на ошпазу кабобпазон.
   Имрӯз онҳоро низ ҳангоми аз ҳудуди Ӯзбекистон убур кардан, чун тоҷикон зери азобу шиканҷаанд, наменигаранд, ки дар шиносномашо ӯзбек навишта шудаасту як қисмашон ҳатто ба тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд. Кишвари ҳамсоя онҳоро баҳри ҳадафҳои сиёсии хеш истифода бурд, имрӯз ба касе лозим нестанд. Пантуркистон дар аёмаш бо баҳона кумак ба республикаи ҷавон онҳоро ба ин ҷо партофтанд, то марказҳои асосиро зери назорат дошта бошанд. Бисёр вақт менависанду мегуянд, ки зидияти тоҷику ӯзбек. Ҳоло он ки зиддият байни тоҷиконе, ки турк шуданду тоҷиконе турк буданд намехоҳанд - идома дорад. Супоришгарони асили ҷанги шаҳрвандӣ аз самти кишвари ҳамсоя низ аксарит тоҷиканд ё иронианд ва ё тоҷикзабононанд.
Тоҷиконе, ки турк шуданд, намехонад, ки дигар бародарони туркнашудаашонро тоҷик бубинанд. Аксарияти пантуркистони ашаддӣ аз дохили тоҷикон баромаданд. Тоҷик Файзулло Хоҷаев ба салтанати зиёда аз ҳазорсолаи забони форсӣ дар аморати Бухоро хати боитл кашид. Тоҷик Сафарали Кенҷаев октябри 1992 бо лашкари ӯзбек Душанберо ғасб намуд. Тоҷикон Сангак Сафаров, Яқуб Салимов декабри 1992 зери ливои бегона бо бронитехникаи ӯзбек вориди пойтахти тоҷикон шуданд. 15 тоҷике, ки дар Туркия таҳсил карданд, кишвари тоҷикон Бухорои Шарифро пора - пора сохтанд. Имрӯз дар дохили Тоҷикистон мактабҳои зиёди туркӣ амал мекунад, дастпарварони онон оянда сиёсати кишварро дар ҳамаи зинаҳо зери назорат хоҳанд гирифт (Ҳоло дар Интернет амалётҳои зидди тоҷикии туркбачаҳои тоҷик ба чашм мерасанд) Имрӯз як қисми тоҷикони Тоҷикистон низ аз тоҷик буданашон рӯй мегардонанд, худро берун аз кишвар бо номи маҳали хеш муаррифӣ намуда, баҳри порашавии кишвар дар оянда замина мегузоранд. Дар марҳилаҳои сангини миллат бисёре фарзандон аз модари хеш рӯй мегардонанд. Душманони хафноктарини тоҷик ҳамеша аз даруни қавмӣ тоҷик бармехезад. Дар симои бегонагон душманро ҷустан осон, ҳоло он ки душманон дар дохили миллат ба воя мерасанд.

                     Ҳабиб Саид, Кувандик - Урали Ҷанубӣ, апрели 2011 

Комментариев нет:

Отправить комментарий