Марги тоҷику Тоҷикистон зи Мурғоб огоз мегирад


                 Марги тоҷику Тоҷикистон зи Мурғоб огоз мегирад

   Ҳокимиятдорон дар кӯчаҳои шаҳрчаи Мурғоб эълонҳо овехтаанд, ки аҳолиро барои кӯч бастан ба вилояти Хатлон даъват менамоянд. Калонтарин ноҳияи кишвар, ки масоҳаташ аз вилояти Суғд зиёду дар он ҳамагӣ 17 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад, ин фазои беодамро баҳри ки холӣ карданианд? Ҳокимиятдорони беҳунару бесаводи мо ки бо шарофати Калашников соҳибмансаб гаштанд, омоданд баҳри қарзҳои азимӣ гирифтаашон, ки худ онро ба талаву тороҷ бурдаанд, мункин қисмҳои дигари ноҳияи Мурғобро ба савдо заданд. Асосгузори заминфурушӣ(ватанфурушӣ) дар Тоҷикистон яке аз пирони «ҳокимияти конститутсионӣ» Иззатулло Ҳаёев ба ҳисоб меравад, зеро ӯ 350 гектар замини
Ворухро ба қиргизҳо ҳадя карда Ворухро аз Тоҷикистон ҷудо кард. Шогирдон бошанд 350 гектар нею 130 000 гектарро бо ду дасти адаб бароварда ба Чин ҳадя намуданду онро «ғалабаи бузурги дипломатияи тоҷик» хонданд, 130 000 гектатр( ва ё 1300 км²) ин ду баробари масоҳати кишваре чун Сингапур(719,1 км²) аст, ки дар он 7 миллиону 437 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад. Баъзе сарчашмаҳо мегуянд, ки ин масоҳати азимро ҳокимиятдорон ба ивази 500 миллион доллари ба ҷайбашон гузошта фурӯхтанд. Ватанфурӯширо ба мардум чун «ғалабаи дипломатияи тоҷик» муаррифӣ бинмуданд, ва яке аз интеллектуалҳои ҳокимиятӣ иброз дошт: агар ин заминро ба Чин намедодем онҳо то Хоруғ пешравӣ мекарданд. Тоҷикистони камзамин нисбати Русия, Қазоқистон, Қирғизистон аз ҳама зиёд заминашро ба Чин дод.

Русия аз 17 075 400 км² масоҳаташ - 337 км² замин ба Чин дод

Қазоқистон аз 2 724 900 км² масоҳаташ - 407 км² замин ба Чин дод

Қирғизистон аз 198 500 км², масоҳаташ - 12 км² замин ба Чин дод

Тоҷикистон аз 143 100 км² масоҳаташ - 1300 км² замин ба Чин дод

   Бесаводони бо кумаки низомии Елсину Каримов вазиру раис гашта мегӯянд, ки ин заминҳои холианду арзише надоранд. Агар замин холӣ бошад, бояд онро ҳатман ба савдо бизад? Мошинҳои чинӣ шабона бо иҷозати ҳокимиятдорон вориди кишвар мегарданду хокаҳои маъдандоро бо худ мебаранд. Баъзе манбаҳои бонуфуз вуҷуд доштани пойгоҳи махфии низомӣ Чинро дар Мурғоб тасдиқ мекунанд. Қирғизҳои маҳаллӣ гӯё ки пешомадашонро дарк менамоянд, тадриҷан ба Қирғизистон кӯч мебанданд.

   Баҳри он ки абадан салтанатро дар дасти қабилаи хеш нигоҳ доранд, Тоҷикистони бесоҳибмондаро пора - пора намуда ба савдо мезанад. Имрӯз фарзандони Тоҷикистон сарсону саргардону парокандаанд, шароити вазнини зиндагӣ маҷбурашон месозад ки ба Русию дигар кишварҳо кӯч банданду дигар ёди ватани азизашонро накунанд. Ватани азизи мо, Модари мо бесоҳибу беҳимоятгар бимонд! Душман аз дохил ноаён қабри тоҷику Тоҷикистонро меканад, то кишваре бо номи Тоҷикистон ноаён зи харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид гардад.
   Чиниҳо мардуми кӯҳану ниҳоят айёранд, кирдору рафтори  шогирдони Бобои Сангаку Бобои Ҳайдарро дақиқ омӯхтаанд, хуб медонанд, тӯдае, ки баҳри мансаб ҷони 150 ҳазор инсонро қурбон сохаанд, баҳри дифои мансабу манфиати шахсиву қабилавиву маҳаллиашон ба ҳама гуна хиёнату ҷиноят омодаанд. Кишварро пайваста ба вартаи қарзҳои азиме, ки ба дарди мардум давое намешаванд (биноҳои зебои замони шӯравиро валангор намуда иншоотҳои азими Осиёи Миёнаву ҷаҳонро месозанд, то номашон дар таърих «сабт гардад») тела медиҳанд. Қарзҳое, ки баҳри хариди молу ашёи чинӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани коргарони чинӣ сарф мешавад. Коргарони чинӣ дар бозори корӣ тоҷиконро танг намуда пул кор мекунанду ва чун тӯҳфаи ҳокимиятдорон - духтарони тоҷикро бо худ мебаранд. Кишвар ба як вилояти Чин табдил ёфтааст, ки сиёсати дохиливу хориҷиашро кишвари ҳамсоя муайян мекунад. Коршиносон тахмин мекунанд, ки набарди шадиде, ки ҳокимиятдорон бо ислому Ҳизби наҳзат пеш мебаранд бо супориши Чин сурат гирифтаасту ҳамсояи ғамхорамон баҳри ин амалиёт 80 миллион доллар ҷудо кардааст.
   Яке аз пирони «ҳокимияти конститутсионӣ» академик Раҳим Масов, дид ки шогирдон Ватанро пора - пора ба савдо месазанд, хешро аз онҳо канор гирифт. Вазире, ки ватанфурӯширо ғалаби бузурги дипломатияи тоҷик ҳисобид, пас аз вазифа рафтанаш, ҳамдеҳагону ҳамқабилагонаш дар борааш китобу мақолаҳо навишта ситоишаш карданду заминфурӯшиашро каҳрамонӣ хонда ба яке аз кишварҳои бонуфуз сафир таъинаш карданд. Академик  Талбак Назаров бошад мақолаву китобҳо навишта заминфурӯшии шогирдонашро сафед мекунад.

   Точик, ки бо шуури маҳалгароёнаш ба атроф менигарад, хиёнатро ҳамеша каҳрамонӣ меҳисобад. Дар маъракае ба мансабдори воломақоме мегуянд, ки кори хуб накардетон, ки заминро ба хитойиҳо додетон, фардо афғону ӯзбаку қирғиз даъвои замин мекунанд. Мансабдор мегӯяд ки - ғам нахӯретон, замини помириҳоро додем, лозим шавад замини ленинободиҳояшро низ ба саво мезанем…
   Хиёнатҳое, ки Абдулло Раҳимбоев ба миллати мо кард, баҳри сарварони шаҳри Хуҷанд каҳрамонӣ ба ҳисоб мераваду имрӯз нимпайкараашро дар сафи фарзандони бузурги Хуҷанд гузоштаанд. Рӯзе мерасад, ки ҳамдеҳагонашон ба Эмомали Раҳмон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, Ҳамрохон Зарифӣ, Шукурҷон Зуҳуров низ ҳайкалҳо хоҳанд гузоштанд, зеро онҳо 130 000 гектар замини тоҷикро ба Чин ҳадя намуданд. Баҳри мансабдорони бо кумаки Калашников ба курсии сарварӣ нишаста ҳисси ватандорӣ бегона аст, баҳрашон Мурғобу Ворух макони ғайр ба ҳисоб мераваду онро замини помирию ленинободӣ мехонанд. Ба гуфти як дӯстам - дар оняда аз Тоҷикистон деҳаи “таърихиаш 6 ҳазор сола” хоҳад монду дигар ҳамаро шогирдони  Бобои Сангаку Бобои Ҳайдар ба савдо хоҳанд зад.

               Ҳабиб Саид, сентябри с. 2017, Кувандик - Урали Ҷанубӣ.

Комментариев нет:

Отправить комментарий