«Моссад» ва сарнавишти хунини тоҷикон


                     «Моссад» ва сарнавишти хунини тоҷикон
                             
   Дар афрӯхтани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон номҳои - Елсин, Козирев, Каримов, Кенҷаев, Сафаров, ГРУ, СРУ,СБУ дивизияи 201, нерӯҳои оппозисион, Фронти халқӣ, рӯҳониён, маҳалгароён, коммунистон, пантуркистонроба забон мегиранд, вале перомуни «Моссад» қавитарин разведкаи ҷаҳони муосир, ки яке аз ташкилкунандагони асосии ҷанги хунини Тоҷикистон мебошад, касе сухан намекунад, зеро «Моссад» ончунон ноаён амал мекунад, ки аз худ изе намегузорад.
   Соли 1992 яке аз сарварони воломақоми «Моссад» фосилаи тӯлонӣ дар Осиёи Миена буд. Сарварони кишварҳои минтақаву Русияро зидди Ҳокимияти муросои
миллӣ омода намуда, пайваста хотирасон менамуд, ки агар ин ҳокимиятро имрӯз нобуд насозем, фардо исломгароён кишварҳои шумоёнро низ зери назорат хоҳанд гирифт. Бо баҳонаи кумак барои ихроҷи яҳудиёни Душанбе, гурӯҳҳои махсуси низоми Исроил ҳатто омода буданд, то вориди кишвар гарданд.
   Кушиши гуфтугӯйи намояндагони Ҳокимияти муросои миллӣ бо Елсину атрофиёнаш бе натиҷа анчомид, зеро Елсину тимаш худ зери назорати америкоиёну исроилиҳо буданд. (яке аз сабаби маҳбубияти Путин дар Русия он аст, кишварро аз зери назорати америкоиҳою исроилиҳо берун кашид)
   Исроили аз Тоҷикистон фарсахҳо дур афтода дар ин ҷо чӣ меҷуст? Ҳадафи асоси он буд ки байни Тоҷикистону Ирону Афғонистон ва ҷаҳони ислом робита наздик пайдо нашавад, ва душмани ашаддӣ Исроил - Ирон дар Тоҷикистон мавқеъ наёбаду барои иттиҳоди кишварҳои форсизабон замина пайдо нагардад. Ҷанги шаҳрванди чанд масъаларо барои исроилиҳо ҳал мекард: Исломро заифу бадном месохт, то мардум динро сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои худу кишвар донад. Мактаби динии Бухоро, ки Тоҷикистону тоҷикон ворисони асили мактаби мазкур ба ҳисоб мераванд, аз эҳёшавӣ бозмедошт. Дохили миллатҳои минтака (хусусан ӯзбекҳою тоҷикҳо) тухми адоват меафзуд, то байни онҳо ягонагӣ (ягонанагии то инқилоби октябр буда) ба амал наояд, ва тоҷикон вазифаи таърихи зиёда аз ҳазор соли худ - паҳнкунандаи дини исломро дар Осиёи Миёнаву ва кишварҳои атрофи онро ба ҷой оварда натавонанд, бо бадномсозии дину ба хун кашидани Тоҷикистон аз эҳёи ислом дар минтақа пешгирӣ мекунанд.
   Аз ҳама асосаш барои қавӣ сохтани Исроил яҳудиёни Осиёи Миёнаро, ки зиёда аз 2500 сол дар ин сарзамин зиндагӣ мекунанд, ҷанг маҷбур месохт, ки то онҳо ба Исроил кӯч банданд. Пас аз ҷанги хунин аз 15 ҳазори яҳудии дар Тоҷикистон истиқомат кунанда 100 нафар боқӣ монанд ва Осиёи Миёнаро зиёда аз 250 ҳазор яҳудиён тарк карданд.Оғози солҳои 90-ум ҳоло Тоҷикистон ором буду, вале яҳудиён ба кӯч бастан оғоз намуданд, зеро онҳо аз манбаъҳои боваринок медонистанд, ки Тоҷикистонро чӣ сарнавиши хунине интизор аст.
   Ҷомеаи муосири тоҷик пайваста даст ба гиребонанд, ҳамдигарро барои афрӯхтани ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳгор месозанд. Ҳоло он ки ҳамагон - мӯҳраҳоянд дар дасти гросмейстерҳои ҳазорҳо фарсах дур аз кишвари мо зиндагӣ дошта. Кишварҳои кӯчаку нотифоқ ҳамеша тахтаи озмоиш баҳри бозингарони асиланд, то моделҳои мухталифро дар амал биозмоянд. Сенарияи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дертар дар ҷанги якуми Чеченистон ба кор андохта шуд, вале чеченҳо, ки мардуми ниҳоят тифоқанд, он бенатиҷа анҷомид. Вақте ки гернерал Лебед ҷанги якуми чеченҳоро бо сулҳ анҷомид, Березовский ба ӯ мегуяд, ки аз сулҳ ту ба мо чӣ суде, зеро ҷанг бизнеси сердаромартарин ба ҳисоб меравад.
   Вакте ки силоҳбадастони Фронти халқӣ бо неруҳои пӯштибонашон мардуми фирориро ба самти Афғонистон танг мекарданд, пирамардон,
назди мансабдори низомие меоянд, - «Ту фарзади мои, кумакамон кун, ҳоламон ниҳоят хароб аст». Ва ӯ дар дар ҷавоб мегуяд, ки «Ман ба ном роҳбарам, дар ин ҷо ман чизеро ҳал карда наметавонам, роҳбарияти амалётҳои низомӣ дар дасти намоядагони разведкаҳои хориҷист…»
Коршиносоне, ки разведкҳоро зери таҳқиқ доранд МИ- 6 англисҳоро нисбати дигар разведкаҳое, ки дар Тоҷикистони муосир фаъолият доранд аз ҳама муваффақтарин меҳисобанд.
   Дар ҷанги шаҳрвандӣ то ин ки тоҷикро баҳри куштани бародараш виҷдонаш азоб надиҳад, разведкаҳои хориҷӣ модели «вовчику» «юрчикро» ба кор андохтанд. Кунун худи тоҷикон ҷомеаро ба шиаву ва ғайришиа (фишори муфтиёту дигар идораҳои давлати зидди бародарон Тураҷонзодаҳо) ҷудо сохта кишварро ба вартаи ноустуворӣ тела медиҳанд. Бо ин амалашон кишварро аз ягона ҳимоятгар - Ирон низ маҳрум хоҳанд кард.
Тоҷиконро дар давраи славянҳо касе интизор несту ва касе даъват нахоҳад кард, ба давраи туркҳо худ намераванд. Аз давраи форсизабонону олами ислом худ мегурезанд.
   Барои аксарият гузаштаи хунин сабақ нагаштааст, зеро баҳри маблағҳои аз берун гирифтаро «ҳалол» кардан вазъиятро тезу тунд месозанд. Пас аз амалётҳои хунини 1992 - 93 бисёре аз афрӯзандагони ҷанги шаҳрвандиро дар фурудгоҳи Бен – Гуриони Исроили диданд. Онҳо ки худ яҳудӣ нестанду решаҳои яҳудӣ надоранд, дар он ҷо чӣ мечустанд?
   Боре аз тоҷике сарнавшити яке аз афрӯзандагони ҷанги хунинро, ки аз кишвари ҳамсоя мошинҳои пур аз силоҳро оварда ба ҳамшаҳриёнаш тақсим менамуду онҳоро ба самти Кофарниҳон, Ғарм, Бадахшон равон мекард, - пурсон шудам, гуфт, - девон шуд, дигар идора карда намешавад, ӯро фарзандонаш бо занҷир бастанд, аз шармашон ба касе нишон намедиҳанд…
Пулҳои хунин ба касе насиб накардааст.

                       Ҳабиб Саид, январи 2012, Кувандик - Урали Ҷанубӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий