Памирес, кулябес, согдиес, гармес…


                                 Памирес, кулябес, согдиес, гармес…
             
   Як шиносам занг зада илтимос кард, ки ним сол шуд аз ҷиянаш хабаре нест, телефонаш ҷавоб намедиҳад, касе нест ки зи ҳолаш пурсон шавем ва ба ман нишонаеро дод ки дар он ҷо, то нопадид шуданаш ҷиянаш мезист. Дар фосилаи се соат бо электирчка ба он шаҳрча расидам ва ҳавлии заруриро дар канори шаҳр дарёфтам. Ба садои занг марди 55 - 60 солае берун омад. Соҳиби хона Шариф аз фирориёни тоҷик будааст, ки пас аз он ки «дӯстони мо» дар қасри Арбоб «ҳокимияти конститутсионӣ»-ро ба сари қудрат шинонданд, кишварро тарк кардааст. Ин ҷо ба корҳои мухталиф шуғл варзида ниҳоят пешаи ронандагиро пеш гирифта хона харида оилаашро овардааст…

Сабаби омаданамро фа
ҳмида гуфт:
- Бисёр бачи сабук. Бо
ҷиянҳои ман дар бозор кор мекард, даромадаш бад набуд, аз куҷое тоҷике пайдо шуда тоҷикҳоро пулҳои калон ваъда карда ба ҷангалбурӣ бурд. Гуфтем нарав, одами ношинос, мебарад ба арманиҳо ё русҳо ба ғуломӣ мефӯрушад, дигар умрибод аз ҷангал намебароӣ. - Не, вай тоҷик, чӣ хел фиреб мекардааст? Гуфтам - Кенҷаеву Сангакам тоҷик буданд, пули ӯзбекҳоро грифта тухми тоҷика нобуд карданд. Одами бемағзу беақлба гап фаҳмондан душвор. Дар сараш танҳо як фикр, пули калон кор карда аз мошинбозори Душанбе мошинсавор ба деҳаашон равад, то ҳама бинанду ҳасад баранд, ки Комил чӣ тур «крутой» шуда аз Русия баргаштааст... Ҷиянҳоям гуфтанд, ки то ба ҷойи кор расиданаша чанд бор занг зад, дигар телефонаш ҷавоб намедиҳад. Пеш аз ба ҷангал даромадан телфону паспортҳоро гирифтагӣ, аз он чо ё мегурезӣ, ё ОМОН аз асорат наҷот медиҳад, ё дар ҳамон ҷо мемурӣ, дигар роҳе нест…

   То ба роҳ баромадани электирчка вақти зиёде буд дар мавзӯҳои мухталиф сӯҳбат карда нишастаем. Шариф то қатли омми тоҷикон дар яке аз деҳаҳои назди шаҳри Қурғонтеппа муаллими забони русӣ будааст. Дар бораи полки Меркулов, ки чӣ тавр дастаҳои Сангаку ӯзбекҳои Маҳмудро мусаллаҳ кард ва сипас Сангак бонки Қурғонтеппаро барои Меркулову ҳамсафонаш ғорат кард, чӣ тавр ба Қурғонтеппа даромадани дастаҳои Сангак, чӣ тавр Ӯзбекистон лақайҳои Файзалӣ, дастаҳои ӯзбеку арабҳои маҳаллиро мусаллаҳ кард, чӣ тавр кушта шудан сардори вилояти Кӯлоб - Ҷиёнхон Ризоев бо дасти Сангак, чӣ тавр каллабурони Сангаку лақайҳою ӯзбекҳо сарвари вилояти Қурғонтеппа – Қадриддин Аслоновро бо азобҳои гӯшношунид ба қатл расониданд… сӯҳбат кардем. Аз сарвнавишти сарвари адибони вилоят Пиримқул Сатторӣ пурсон шудам, гуфт, ки лақайҳо аз хонаш берун оварда дар пахтазор парронданд…

   Сӯҳбаткунон ба самти истгоҳ равон шудем. Рӯ ба рӯямон ҷавони сару рӯяш пур аз ҷароҳат баромада бо мо салом кард. Шариф бо ӯ дар бораи чизе сӯҳбат кард, вақте ки ӯ дур шуд пурсон шудам, барои чӣ ӯ чунин ҳоле дорад: - Аз бачаҳои худамон, пеш бо ҷиянҳои ман кор мекард. Вақтҳои охир худашро аз тоҷикон канор мегирифтагӣ шуд. Як рӯз занаш наздам омад, ки аки Шариф кумак кун, вагарна Бахтибекро мекушанд. Гуфтам айби худаш, худашро аз тоҷикон канор гирифта дар ҳама ҷо «ман памирес, ман тоҷик нестам» гуфта мегардад. Занаш нақл кард, ки чанд моҳ пеш дар хонаашон як бадахшоние меҳмон шуд, пас аз вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо бо ӯ худро аз тоҷикон канор гирифта бо русҳо нишасту хез мекардагӣ шуд, ману фарзандонамро низ фармуд, то худро тоҷик нагуем. Бо дӯстони наваш менӯшанду баҳс мешавад ва ӯро чурка мехонанд, мегӯяд, ки ман памирес, ман чурка не, ва дӯстонаш посух медиҳанд, ки - «кем бы ты не был, для нас останешься чуркой», ҷанҷол бармехезад, дӯстони наваш ончунон мезанад, ки ҳамсоягонаш бо замбар бардошта ба хонааш мебиёранд. Пас аз друст шуда ба пой хестан боз чанд бор дӯстонаш зери мушту лағад мегиранд. Ин ҷо аз русҳои Душанбе Максим ҳаст, худро фарзанди Тоҷикистону тоҷик мехонад, дар олами ҷинои вазн дорад. Наздаш рафтам, - ёрдам деҳ, вагарна бачаро мекушанд, оилааш бе сарпаноҳ мемонад. Максим «дӯстонро» дар ҷояш шинонда монд. Ба Бахтибек гуфтам, ки аз ҳамин рӯзата мурданат беҳтар бародар, Максим худро тоҷик мехонад, ту бошӣ аз тоҷик буданат рӯй мегардони, имрӯз ҳоли миллати тоҷик хароб аст, бисёр фарзандон чун аз волидайни пиру барҷомондаю бемор - аз миллати хеш рӯй мегардонад… - Аки Шариф гапи як аҳмақба даромада аҳмақ шудем… Ман он агитаторро мешиносам, шаҳр ба шаҳр гашта бачаҳои бадахширо ташвиқ мекунад, ки хешро тоҷик нахонанду ва худро аз дигар тоҷикон канор гиранд. Як шиносам гуфт, ки ӯ ҳангоми ҷанги Афғонистон, дар дастаи спеснази ГРУ тарҷумон шуда кор мекард, ҳоло ҳам бо ҳамин гурӯҳ пайваст асту дар наздикии Маскав зиндагӣ дорад, ба фикрам наздаш вазифа гузоштанд, то бадахшониҳоро аз дигар гурӯҳҳои тоҷик ҷудо созад, аммо ҳадафашон аз ин амал чист намедонам, ё шояд Бадахшонро чун Приднестровие, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ аз Тоҷикистон ҷудо созанд. Тошканду Маскав колхозчиву заправкачиу тракторчиву киссабурро соҳибдавлат карданд, онҳо ба ҷойи давлату миллатро мустаҳкам кунанд ба ҳамақишлоқиҳои бесаводашон мансабҳои давлатиро тақсим карда тухми маҳалгароиро садчанд афзуданд. Имрӯз намояндагони дигар минтақаҳо дар ватани хеш бегонаву нодаркоранд. Ин ба он оврда расонад, ки тоҷик дигар худро тоҷик неву берун аз кишвар памирес, кулябес, гармес, согдиес хоҳад хонад. Заминҳои Бадахшонро расману пинҳони ба Чин фурӯхта истодаанд, вақташба яке аз пирони ҳокимияти имрӯза Изатулло Ҳаёев 350 гектар замини Ворухро ба қирғизҳо дод, як чоркӯҳи нақл кард ки дар гирду атрофи Чоркӯҳ замини тоҷико намонд, ҳамаша ба қирғизҳо доданд. 14 ҷоҳи газӣ дар шимоли Тоҷикистон бударо низ ба Қирғизистон ҳадя карданд, Ӯзбекистон даъвои заминхои гирду атрофи геси Фарҳодро дорад, инашро низ бо дасти адаб бароварда медиҳанд. Ба наздикӣ бо як муаллим аз Кӯлоб, ки бо ҳамдеҳагонаш дар кӯчаи мо барои як фермер молхона месозанд, дар ҳамин мавъзӯ баҳс кардем, гуфт, ки бигзор тамоми вилояти Суғдро бароварда диҳанд, ленинободиҳо зиёда аз 70 сол давлат ронданд, акнун навбати мо. Ҷаноби Олӣ роҳи ленинободиҳоро ба Душанбе пулакӣ кард, ба ҷойи вай мешудам «визовый режим» ҷорӣ мекардам... Гуфтам, ки ту муаллим шуда ин тавр фикр мекунӣ, пас аз одамони бесавод чӣ гила? Ленинободиҳо бо тиру туфанги Ӯзбекистону Россия ҷони 150 ҳазор одамро қурбону ва зиёда аз 1,5 миллонро фирори карда ба сари қудрат наомаданд ку? Сталин соли 1946 бори аввал тоҷик - Ғафуровро ба мансаби роҳбарии Точикистон таъин намуд, ӯ дар ин вазифа Протопопови русро иваз бинмуд, то Ғафуров дар ин мансаб, ӯзбекҳо, арманиҳо, яҳудиён, русҳо… буданд. Аз 1946 то 1992 - 46 сол мешавад, на 70 сол. Дар он замон ба ғайр аз Бухорою Самарқанду Хуҷанд дигар минтақҳои тоҷикнишин кадр надошдтанд, то сарварии кишварро ба душ гиранд. Порае аз замини Тоҷикистонро ба бегонагон нафурӯхтанд, баръакс қисме аз заминҳои Ӯзбекистонро гирифта тоҷиконро дар шимолу ҷануб аз кӯҳистон ба води фароварданд, то Ӯзбекистон фардо ин заминҳоро соҳиби накунанд, тоҷикро хору зору беобурӯ накарданд… Вақте ки Расулов мурд либоси дурусте наёфтанд, то дафнаш кунанд, баҳри хешу таборашону фарзандонашон қаср нахостанду хешу таборашонро ба мансабҳои давлатӣ нашинонданд… Гоҳо меандешам бемории маҳалгароӣ қабри миллати моро меканад, агар чунин равиш идома ёбад оянда миллат ба памирес, кулябес, гармес, согдиес пора шуда аз Тоҷикистон ному нишоне нахоҳад монд. Ақаллан Мирзошоев, Назаров, Зарифова, Бобоев, Ҳабибов, ки падарони маънавию мушовирони пасипардагии ҳокимияти имрӯза ба ҳисоб мераванду дар даври шӯравӣ дар мансабҳои баланди ҳизбиву давлатӣ кор кардаанд, ба ин навдавлатон намефаҳмонанд, ки давлатдории дар пояи маҳалгароӣ бунёд шуда кишварро ба вартаи нестӣ мебаранд, агар имрӯз зи ҳисси маҳалбадбинӣ замини Бадахшону Суғдро ба бегонагон ҳадя мекунанд, фардо маҷбур мешаванд, ки зодгоҳи худро низ ба савдо бизананд, то мансабашон аз даст наравад…

   То вокзал расидем, то ба роҳ даромадани электричка вақт буд. Шариф пурсид, ки Бахитёр Худоназаровро шахсан мешинохтам, гуфтам, - на барои чӣ мепурси? - Мардак дар Тоҷикистон калон шуда ном баровард ин ҷо омаду аз тоҷик буданаш ҳазар мекард, вақте ки аз дунё гузашт дар калисои православиҳо ҷанозаашро хонда чун провославӣ ба хок супориданд. Алишер Ходжаев писари актёри маъруфи тоҷик Алиназар Ҳоҷаев бошад, ба Руссия омада аз номи падараш гузошта даст кашида - Александр Ходжаев шуд. Набераи Али Хуш – Ситора Алиева, ки дар олами кинои Русия мавъқеи баланд дорад, дар мусоҳибае тотор будани як гузаштаи дурашро зикр карда ноаён таъкид менамояд, ки яъне ман тоҷик нестам. Онҳое, ки дар оилаҳои русу тоҷик таваллуд шуданд, ё тарбияи русӣ гирифтанд ин ҷо омада аз тоҷик буданашон даст мекашанд ва ё ҳазар мекунанд. Тоҷикон бошанд қисме худро афғону эронию кафқозӣ метарошад, дигаре – худро памирес, кулябес, гармес, согдиес мехонад. Пас ки тоҷик хоҳад монад? Лақайҳо, қарлуқҳо, калуғҳо, қатағанҳо? Лулиёни Тоҷикистонро пеш дар шиносномаашон лӯлӣ менавиштанд, имрӯз онҳо худро тоҷик менависанд. Агар соҳибони миллат аз миллати хеш даст кашанд, пас бегонагон номи ин миллатро соҳибӣ мекунанд. Як шиносам ба фарзандонаш шароит муҳаё кард, то дар гуфтугузор аз русҳо тафовуте надошта бошанд дар хона низ бо русӣ сӯҳбат мекарду ононро аз маъракаҳои тоҷикон канор мегирифт. Боре шикоят кард, ки писараш гуфтааст, ки ман тоҷик нестаму чурка будан намехоҳам. Гуфт, ки агар дар кӯча бо ҷӯрҳояш бошаду маро бинад тавре вонамуд месозад, ки маро надидаасту намешиносад…

   Олег Панфилов, ки дар Хуҷанд таваллуд шуда ба воя расидааст худро тоҷику фарзанди Тоҷикистон мехонад. Дар муҳити сангин яке аз падару модараш, ватанаш, миллаташ, мазҳабаш рӯй метобаду дигаре то нафаси вопасин содиқ мемонад.Шояд Офаридгор бандагонашро дар шароитҳои мухталиф меозмояд, то арзишашонро муайян созад?
  
Вақте ки электричка ба ҳаракат даромад, симои ғамгини Шариф ба назарам расид, ки бо ман хайру хуш мекард… Миллати сарсону саргардону бесоҳиб, фарзандонаш дар ғарибӣ парокандаву хору зор. Зимоми давлатдориро бо кумаки «дӯстонаш» ба авбошону киссабурон супорид, ки на ҳунари роҳбариро ва на зеби роҳбариро доранд, ягона ҳунарашон озори мардуму тухми маҳалгароиро афзудану дари масҷидҳоро бастану зи сари бонувон ҳиҷобро баркандану риш тарошидан… асту бас.…

        Ҳабиб Саид, августи соли 2015, Кувандик - Урали Ҷанубӣ

Комментариев нет:

Отправка комментария