Яке ба номи миллат раҳмат меораду дигаре лаънат


                 Яке ба номи миллат раҳмат меораду дигаре лаънат
                   
   Бо коре ба деҳае афтодам, ки аксарияти сокинонашро бошқирҳою тоторҳоро ташкил мекарданд. Гуфтанд, ки ин ҷо оилаи тоҷике зиндагӣ мекунад. Ҳаммиллатамро дарёфтам. Раҳим солҳои хунин 90-ум тарки кишвар карда дар деҳаи дурдасти Урал касби подабониро пеш гирифтааст, то пораи ноне баҳри зиндагӣ биёбад. Подабони омада бо намоз хондану шароб нанӯшиданаш мардуми бумиро дар ҳайрат бигузошт, зеро дар ин ҷо подабону коргари ҳушёрро рӯз бо чароғ намёбӣ. Диндории Раҳимро ба назар гирифта ӯро бештар ба маъракаҳо даъват мекардагӣ шуданд, то ба ба рӯҳи гузаштагонашон оёте бубахшадну ё маъракаҳои диниро сарварӣ намояд. Дертар оилаашро ин ҷо овард,
зану духтарчаҳои рӯймол бар сари ӯ хусусан пиронсолонро писанд омад, зеро тарзи либоспӯшӣ онон аёми наврасиашонро ба ёд меовард, ки онро муҳити атеистӣ тадриҷан ба коми фано бикашида зи гузаштаи ҳазорсолаашон ҷудо сохт. Диндории подабони тоҷикро дида атрофиён тадриҷан ба самти дини бобогиашон гаравиданд. Кунун пайваста дар моҳи шарифи рамазон андар ҳавлӣ ӯ гирд меоянд, то таробеҳ бихонанд. Пурсидам, ки ёди ватан намекунад: - Дар аввал нихоят душвор буд, оҳиста - оҳиста одат кардам. Шукри Худо оилам бо ман аст. Телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунем, дури аз ватанро эҳсос намекунем, гӯё ки андаруни ҳавлӣ Тоҷикистону бошаду берун аз он Русия... Вақте ки бо мошини сокини деҳа пас мегаштам соҳибаш марди умрдидае гуфт: - Тоҷикон хақиқатан мардуми диндор будаанд. Соли гузашта дар хонаи ҷиянам меҳмон шудам. Чор тоҷик дар ҳавлиаш хона месохтанд. Вақти намоз мерасид, ҳама корро ба як сӯ гузошта намозашонро ба ҷой меоваранд, то ин дараҷа диндор будани тоҷиконро пеш намедонистам. Шукри Худо дар деҳаи мо Раҳим пайдо шуду мо ҳам баъзе чизҳоро аз ӯ омӯхтем...
  
Дертар ба деҳаи дигаре рафтам, то масъалаеро ҳалу фасл бисозам. Дар даромадгоҳи деҳа аз пирамарде ҳавлии бригадиро пурсидам. Пирамард кунҷкобона пурсид, ки мақсадам ва миллатам чист? Вакте ки фаҳмид тоҷикам, гуфт, - агар тоҷик бошӣ, вақтатро беҳуда дар ин ҷо сарф накун… Сабабашро пурсон шудам. - Дар деҳамон Шурик ном тоҷике зиндагӣ мекард. Боре, гуфт ки модараш дар дами марг асту бояд ба Тоҷикистон равад, вале дар кисааш пайсае надорад. Мардумро раҳмаш омад, пул доданд, то пас гашта пулашонро бармегардонад, ё кор карда медиҳад. Чанд сол шуд, ки аз Шурики тоҷик на пай ҳасту на Ҳайдар…

   Ҳар як тоҷик берун аз кишвар сафири кишвари худ аст. Ӯ аз худ чӣ изе мегузорад атрофиёнаш тавассути он дар бораи миллаташ андеша меронанду хулоса мебароранд. Яке ба номи миллат раҳмат меораду дигаре лаънат...

                     Ҳабиб Саид, феврали соли 2010, Кувандик - Урали Ҷанубӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий