Арманиҳо, яҳудиён, лақайҳо, ва тоҷикони зери ниқоби ӯзбек пинҳон шуда


Арманиҳо, яҳудиён, лақайҳо, ва тоҷикони зери ниқоби ӯзбек пинҳон шуда
               
                   
   Тӯҳмату таҳқирҳое, ки имрӯз пайваста ба сари тоҷикон мерезанд, дақиқ назар намоед андар паси он номҳои мансабдорону продюсерон, депутатҳою коршиносон, коргардону масхарабозоне меистанд, ки решаҳои арманӣ доранд ва ё худ арманианд ва ё яҳудиянд. Яҳуди Белов барои он ки худро «руси асил» нишон бидиҳад аз ҳама бештар зидди тоҷикон садо баланд мекунад.
   Мардуми арману яҳудӣ чун тоҷикон ҷабрҳои зиёдеро зи сар бигузаронидаанду худ дар Русия мардуми бумӣ набуда балки қавмӣ омадаанд. Пас барои чӣ онхо тоҷиконро зери ҳадафи хеш қарор додаанд? Мардуми омада барои он ки хешро дифогари асили ин сарзамин нишон диҳад, бояд аз тоифае душман битарошад ва
ё бо он муборизаи беамон бибарад. Киро бояд душман интихоб бинмуд? Укаринҳо, белорусҳо, гурҷиҳо, молдовиҳо, озариҳо, қазоқҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо ё мардумони прибалтикаро….Не! Зеро ин қавмҳо «русҳои асилро» хомохом фурӯ мебаранд. Тоҷикон бошанд чӣ? Қавми бесоҳибу пароканда, қавме, ки ҷанги бародаркушӣ 150 - 200 ҳазорро қурбон бисохту миллионҳояшон хона бар дӯш шуданд. Кадрҳои беҳтаринаш, ки ба даҳони ин баддаҳонон мушт зада метавонистанд, низ парокандаву ғариб бигаштанд. Сарнавишти миллат вазнин бигашт, зеро бародакушӣ вазнитарин гуноҳ аст!

   Дирӯза колхозчиёну тракторчиёне, ки (бештарашон муғулу туркнаждодони зери ниқоби тоҷик ниҳон шуда мебошанд) бо кумаки сарбозу силоҳи русу ӯзбек Ҳокимияти муросои миллиро нобуд сохта соҳибмансаб бигаштанд, барои ба баддаҳонони зи худрафта посух додан оҷизанд, соҳибмансабони ҷадид ҳатто ба забони модарии хеш ҳарф зада наметавонад, лаҳчаи деҳаи худро ба ҷойи забони адабӣ истифода мебаранд. Аз тарс ба Жириновски, Багдасаров, Ройзман, Рагозин, Лукин… барин тоҷиксиёҳкунон чизе намегуянд, то аз мансабашон маҳрум нагарданд. Вақте ки скинхедҳо Хуршеда Султоноваи 9 соларо 11бор корд зада куштанд аз шогирдони мактаби Бобои Сангаку Бобои Ҳайдар садое набаромад, ғулом ҳеҷ гоҳ ба соҳибаш садо баланд нахоҳад кард. Баръакс, скинхедро, ки бо лақаби "Тесак"(Максим Мартсинкевич), дар куштори тоҷикон даст доштаро, мансабдорон ба Душанбе таклиф карда чор рӯз меҳмондорӣ карданд. "Тесак"ба Маскав баргашта бо тамасхур дар бораи сафараш ба Тоҷикистон навишт.
   Масхарабозони гурӯҳи Гарик Мартиросиян, Артур Чонибекиён беҳуда тоҷиконро ҳадафи хеш қарор надодаанд ва баъзе аз ин масхарабозон эътироф бинмуданд, ки тоҷикон қавмӣ бесоҳибанд, зеро на Президент, на Парламент, на Сафиру Вазир доранд, ки онҳоро дифо кунанд.
Дар ҳама мулку макону замон бесоҳибону номуттаҳидон ҳамеша хору залиланд. Арманиҳо хамеша дифогари манфиати салибдорону ғарбиён дар Шарқ буданд. Вақте ки бо супориши салибдорон неруҳои хуношоми Чингиз ба самти Мовароуннаҳр ҳаракат намуданд, мушовирони чингизиён арманиҳо буданд. Ҳангоме ки болшевекон хостанд мардуми ӯзбеку тоҷики водии Фарғонаро ҷазо бидиҳанд аз дастаҳои низомии дашнакҳои арманӣ истифода бурданд. Он мансабдороне, ки дар Тоҷикистон тоҷиконро ба ширкатҳои армании дар Русия буда ба кор равон месозанд ва онҳо бо ҷайбҳои холи ба ватан бармегаранд ва дар кишвар баҳри тичорати арманҳои имконият фароҳам меоранд, худ муғулу туркнаждодони зери ниқоби тоҷик ниҳон шуда мебошанд, ки заре ба тоҷик меҳре надоранд аз азобу беобурӯйшавии тоҷик чун арманиҳо шод мегарданд.
   Он гурӯҳе, ки аз номи ӯзбекон алайҳи тоҷикон ҷанги шаҳрвандиро оғоз карданду ба Тоҷикистону тоҷикон пайваста фишор меоваранд - аксарият тоҷиканд ва ё иронианд. Иронинаждодони зери ниқоби ӯзбек пинҳоншудаву соҳибмансабгашта барои он ки хешро "ӯзбеки асил"вориси Чингизу Темури Ланг буданашонро нишон бидиҳанд ба маҳви бародарои хеш пардохтанд.
   Агар бишнавед, ки аз самти Русия фарде алайҳи тоҷикон сухан баланд мекунад, бидонед, ки ӯ арманист, яҳудист, ё намояндаи қавмӣ дигаре, ки  худро ба атрофиёр “руси асил” нишон додан мехоҳад.
   Агар дарӮзбекистон шахсе бар зидди тоҷикон сухан мерондад, донед, ки ӯ тоҷикест ё ирониест, ки зери ниқоби ӯзбек ниҳон шуда.
   Агар дар Точикистон фарде масъалаи тоҷики тозаву нотозаро ба миён мегузорад(чӣ тур фарзандони як оила ба тозаю нотоза ҷудо мешудаанд? Ин амали душманонаест баҳри миллатро парокандаву заиф сохтан), бидонед ӯ ё лақай, ё қарлук, ё қунғурот, ё қалуғ, ё катағани тоҷикшудаест, ки бо ин роҳ хешро ба атрофиён чун “тоҷики асил” муаррифӣ карданист. Дар Тоҷикистони муосир имрӯз афкори заҳрогини «тоҷики тозаву» «тоҷики нотоза»-ро «олимоне» паҳн карда истодаанд, ки худ туркнаждоду муғулнаждоданду бештарашон аз қавмӣ лақай баромаданд...
   Ислом Каримов(модараш тоҷику падараш иронӣ) барои он ки хешро “ӯзбеки асил” вориси Чингизу Темури Ланг нишон диҳад, кушид Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид созаду онро ба як вилояти Ӯзбекистон табдил диҳад ва нақшаи то соли 2010 -ум Самарқанду Бухоро аз тоҷик тоза намуда оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро, хона музейи устод Айниро дар Самарқанд аз байн бурданро дар сар мепаравад.
   Президенти Фаронса яҳудӣ Саркози(дигарон ӯро лӯлӣ мехонанд) вақте ки сарвари кишвар гашт, барои он ки ба атрофиён нишон бидиҳад, ки ӯ “франсавии асил” аст, муборизаи шадидро алайҳӣ мусулмонон, муҳоҷирон, лӯлиён оғоз бинмуд.

   Ин тоифаро пайваста маризии «комплекс неполноценность» дуболгир аст, миллатгароию махалгароӣ, нафрат ба дигарон хурӯши бемори эшонро заиф месозад...

                 Ҳабиб Саид, феврали соли  2011, Кувандик - Урали Ҷанубӣ


Комментариев нет:

Отправка комментария